28-02-2024

Мулоқот дар Котиботи Шӯро

Нимаи дуюми имрӯз Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Фаррух Юсуфзода бо намояндагони Агентӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ИМА, Роҳбари лоиҳаи рушди соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Филипп Стоянович, Роҳбари минтақавии лоиҳаи рушди соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Антон Зиновев ва Директори лоиҳаи рушди соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Суҳроб Турсунов мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо, бахусус дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир ба соҳибкории ҷавонон, сармояи венчурӣ ва омода намудани санадҳои дахлдори самти мазкур баррасӣ гардид.

Намояндагони Агентӣ ҳамчунин вобаста ба натиҷаҳои масъалаҳои дар доираи Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ, паркҳои технологӣ, ки дар ҷаласаҳои қаблии Шӯро баррасӣ гардидааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, татбиқи онро барои самтҳои иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин робита аз ҷониби Роҳбари Котибот Фаррух Юсуфзода маълумоти зарурӣ манзур гардида, ҳамзамон қайд намуд, ки густариши ҳамкориҳо вобаста ба масъалаҳои зикршуда ва самтҳои минбаъд амалишаванда мувофиқи мақсад мебошад.

Дар зимн омодагии Агентӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ИМА барои баррасии ҳамкориҳо дар бахшҳои дигари ислоҳот изҳор карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид