Мулоқот бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Нимаи дуюми имрӯз роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Юсуфзода Фаррух бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии иқтисодчии пешбари БАТР оид ба Осиёи Марказӣ Эрик Ливни мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот масъалаҳои дурнамои рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионї аз љумла хизматрасонии ҳукумати электронӣ, нақшаҳо оид ба ташкили паркҳои технологӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар дар доираи фаъолияти Шўрои машваратї мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот роҳбари Котиботи Шўрои машваратї Юсуфзода Фаррух ќайд намуд, ки дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ то имрӯз ба вазорату идорањо вобаста ба таќвияти масъалаҳои рақамикунонӣ, аз ҷумла дар самти муосиргардонии хизматрасониҳо, таъмини дастрасии ањолї ва соњибкорон ба хизматрасонињои босифати давлатї, рушди тиҷорати электронӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таъмини суръат ва сифати интернет, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили паркҳои технологӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода шудааст.
Аз љумла, тибқи супориши љаласаи XXI Шўрои машваратї аз 25-уми феврали соли 2021 ва ҷаласаи XXII Шўрои машваратї аз 16-уми марти соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи паркњои технологї” тањия ва қабул гардид.
Њамчунин иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба раќамигардонии иќтисодиёт ва рушди зењни сунъї стратегия ва барномањои дахлдор тањия гардида, мавриди амал ќарор доранд.
Қайд гардид, ки дар ҷаласаи ХХIII Шўро аз 28-уми ноябри соли 2023 супориш дода шудааст, ки дар доираи гурўњи корї раванди раќамикунонии хизматрасонињои давлатї ба соњибкорону сармоягузорон мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода, натиљањои он ба љаласањои ояндаи Шўро пешнињод карда шавад. Айни њол гурўњи корї таъсис дода шуда, дар ин самт фаъолият дорад.
Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки ҳамкориҳои созмони мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун идома дошта, густариши њамкорињо дар масъалаҳои рушди бахши технологияҳои иттилоотӣ, ташкили паркҳои технологӣ, рушди хизматрасониҳои раќамї, ва ҷанбаҳои дигари самтҳои мазкур мувофиқи мақсад мебошад.
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратї Юсуфзода Фаррух аз омодагии намояндагони БАТР барои ҳамкориҳо дар самтҳои болозикр изҳори њавасмандї намуда, љињати васеъ намудани њамкорињо дар самтњои зикргардида даъват намуд.
Дар маљмуъ вобаста ба масъалањои болозикр ва рушди соњибкорию сармоягузорї дар Тољикистон ҳамкории љонибњо мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.