Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  кардани  фазои сармоягузорӣ

Маълумоти мухтасар

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  кардани  фазои сармоягузорӣ ( Шӯрои машваратӣ) мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шӯрои машваратӣ майдони муҳимтарини гуфтугӯи  байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста  ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Шӯрои машваратӣ дар асоси  таҳлилу тавсияҳо ва пешниҳодоти заруриро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои машваратӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ манзур менамояд.

Шӯрои машваратӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

 

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ШӮРО

Мақсади асосии Шӯрои машваратӣ таъмини муколамаи  давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ, инчунин  мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бартараф намудани душвориҳо ва саддҳои асосии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.

Вазифаҳои Шӯрои машваратӣ:

·         таъмини муколамаи доимӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни давлат ва бахши хусусӣ, вобаста ба пешбурди масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ;

·         гузарондани тадқиқот ва таҳлили масълаҳои оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мамлакат;

·         таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо ба Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон-Раиси Шӯрои машваратӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ;

·         таҳияи пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, такмили қонунгузории амалкунанда бо мақсади мукаммалгардонии вазифаҳои танзимкунандаи давлат дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

·         омодасозии пешниҳод ва тавсияҳо оид ба лоиҳаҳо, консепсияҳо, стратегияҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоягузориҳо.

 

Котиботи Шӯро

Котиботи Шӯрои машваратӣ мақоми кории Шӯрои машваратӣ буда, бо мақсади пешбурди кори Шӯрои машваратӣ таъсис дода мешавад.

Котиботи Шӯрои машваратӣ:

·         омода намудани маводҳои заруриро барои доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳои он таъмин менамояд;

·         ҳамоҳангсозии умумӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва гурӯҳҳои корие, ки оид ба омода намудани маводҳои зарурӣ ҷиҳати доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳо, фаъолият менамоянд, таъмин менамояд;

·         пешниҳодоти ба Шӯрои машваратӣ аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро ҷамъбаст ва хулосабарорӣ менамояд;

·         оид ба ташаккули механизми наве, ки ҷалби сармояи хориҷиро таъмин намуда (муайян намудани самт ва афзалиятҳо) барои беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамояд, дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодот таҳия мекунад;

·         оид ба ҷараёни амалӣ гардидани қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ мониторинг доир менамояд;

·         таъминоти иттилоотии фаъолияти Шӯрои машваратиро амалӣ мекунад;

·         дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ширкат меварзад;

·         фаъолияти гурӯҳҳои кории барои таҳияи пешниҳодот ва иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ таъсисшавандаро ҳамоҳанг намуда, ба фаъолияти он

Форма предоставления предложений для Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан


Какую структуру Вы представляете?





Организационно-правовая форма





Свой вариант структуры



Ваши контактные данные

Ф.И.О.

Должность

Телефон

Электронная почта



Количество работников в Вашей структуре







Свой вариант количество работников

Если бизнес ассоциация или иная членская организация, укажите количество Ваших членов



О проблеме

Наименование проблемы

Описание проблемы

Экономические последствия проблемы

Ожидаемые результаты от решения данной проблемы

Мероприятия по решению проблемы и их реализация


Введите символы с картинки*

* - Поля, обязательные для заполнения



Манбаъҳои муфид