Котиботи Шӯро
Котиботи Шӯрои машваратӣ мақоми кории Шӯрои машваратӣ буда, бо мақсади пешбурди кори Шӯрои машваратӣ таъсис дода мешавад.
Котиботи Шӯрои машваратӣ:
- омода намудани маводҳои заруриро барои доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳои он таъмин менамояд;
- ҳамоҳангсозии умумӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва гурӯҳҳои корие, ки оид ба омода намудани маводҳои зарурӣ ҷиҳати доир намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ва қабул намудани қарорҳо, фаъолият менамоянд, таъмин менамояд;
- пешниҳодоти ба Шӯрои машваратӣ аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро ҷамъбаст ва хулосабарорӣ менамояд;
- оид ба ташаккули механизми наве, ки ҷалби сармояи хориҷиро таъмин намуда (муайян намудани самт ва афзалиятҳо) барои беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамояд, дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодот таҳия мекунад;
- оид ба ҷараёни амалӣ гардидани қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ мониторинг доир менамояд;
- таъминоти иттилоотии фаъолияти Шӯрои машваратиро амалӣ мекунад;
- дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ширкат меварзад;
- фаъолияти гурӯҳҳои кории барои таҳияи пешниҳодот ва иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ таъсисшавандаро ҳамоҳанг намуда, ба фаъолияти онҳо мусоидати техникӣ менамояд;
- бо шӯроҳои маҳаллии минтақавӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мемонад.