Фильтр
Начало активности (дата): Выбрать дату в календареВыбрать дату в календаре
  

08.02.2016 Мулоқоти “бидуни галстук”-и раиси шаҳри Исфара бо соҳибкорон

Муколамаи озоди шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода бо соҳибкорони ватанӣ ва суҳбати онлайнии ӯ бо соҳибкорони бурунмарзӣ муассир ва пайоварди он мусбату чорасоз буд.
Мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо наздики 80 нафар соҳибкори муваффақи шаҳр ва даҳҳо нафар соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфарамарз 3 феврал дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» ғайрианъанавӣ ва аз доираи расмият берун (ба таъбире “бидуни галстук”) дар фазои озод сурат гирифт.

Тавре ки шаҳрдори Исфара изҳор дошт, тадбири мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозии муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ рӯйи кор омада, ҳадафи асосӣ муайяннамоии мушкилот ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф сохтани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, дарёфти роҳҳои таъмини пешрафти соҳа, хосса соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ, рӯи кор овардани лоиҳаҳои мушаххас дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара маҳсуб мешавад.

Дар раванди мулоқот соҳибкорон имконият доштанд, ки оид ба муаммову мушкилоти мавҷуда ва муҳтавои нақшаву ниятҳои созандаю бунёдкоронаи тарҳрезинамудаи худ дар алоҳидагӣ ва мустақиман бо раиси шаҳр суҳбат намоянд.

Суҳбати шаҳрдори Исфара бо соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфарамарз- Насридин Неъматов аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия, Инъомидин Сайфиддинов аз Қазоқистон, Давронҷон Ғафуров аз Норвегия, Мирзоҳайдар Исоев аз Гвинеяи Нав, Муртазо Назаров аз Шветсия, ки аз тариқи онлайнӣ сурат гирифт, таваҷҷуҳангез ва муассир сурат гирифт.
Мусоҳибони Дилшод Расулзода ва даҳҳо нафар соҳибкорони дигари дар хориҷи кишварбуда, ки дар хатти алоқаи онлайнӣ ҳузур ва рафти мулоқотро тамошо доштанд, ҳамзамон бо пешниҳоди таклифу пешниҳодоти чорасоз, омодагии хешро барои саҳмгузорӣ дар рушду ободонии Исфара тавассути амалисохти лоиҳаҳои дорои мушаххаси муҳимияти иқтисодиву иҷтимоии тарҳрезинамудаи худ баён намуданд.

Таклифу пешниҳоди соҳибкорон, аз ҷумла Насридин Неъматов аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия бобати таъсиси маҳфили омӯзишии тиҷоратӣ (бизнес -инкубатор) ва телефони боварӣ бо номи рамзии “Шуморо гӯш мекунам, муҳоҷир!” ва дигар мусоҳибон бобати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ки ба инкишофи соҳибкорӣ ва ҳам густариши муколамаи озоди байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва муҳоҷирин мусоидат хоҳад кард, аз ҷониби раиси шаҳри Исфара пазируфта шуд.
Дар раванди мулоқот байни иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар шахси раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 3 ёддошти тафоҳуми ҳамдигарӣ барои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар асоси ёддоштҳо соҳибкорони инфиродӣ дар давоми ду соли оянда аз ҳисоби маблағҳои худӣ якчанд иншоот, аз ҷумла Идрисхӯҷа Ваҳҳобов корхонаи ордбарориро бо арзиши лоиҳавии 1,5 миллион сомонӣ, Акмал Шокиров 4 маркази хизматрасониро бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва Фаридун Икромов бо маблағи умумии 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ хонаҳои истиқоматии замонавӣ бунёд хоҳанд кард.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

04.02.2016 Мулоқоти корӣ бо роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкорӣ

Нимаи аввали 3 феврали соли 2016 бо иштироки роҳбарони Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ), Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна, КВД “Тоҷинвест”, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, Маркази дастгирии рушди соҳибкории шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи ширкатҳои таблиғотӣ мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пайдо кардани роҳҳои инноватсионии рушди соҳа, амалисозии нақшаҳои мавҷуда баррасӣ гардида, иштирокчиёни мулоқот мулоҳизот ва дидгоҳи худро оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ иброз доштанд.

Зимни ин нишаст Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода атрофи масъалаҳои ислоҳотҳо дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо иттилоъ дода, сари вақт манзур гардидани таклифу пешниҳодоти доираҳои соҳибкориро вобаста ба мавзуъҳои матраҳшаванда мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

01.02.2016 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - роҳнамои рушди мамлакат

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди омўзиши кормандон қарор гирифт.

Дар ин нишаст Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода қайд кард, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини инкишофи мамлакат ва ҳаёти кишварро фаро гирифта, тамоми мақомот, идораву иттиҳодияҳои ҷумҳуриро ба амлӣ намудани нуқтаҳои дар он баёнгардида роҳнамоӣ менамояд.

Тавре қайд гардид, дар Паём фаро гирифта шудани масъалаҳои марбут ба мунтазам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва зиёд шудани ҷойҳои корӣ, афзудани сармоягузориҳо дар кишвар аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, ки таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ дар Паём ҳадафҳо ва вазифаҳои навбатӣ муайян гардидаанд, ки иҷро намудани онҳо Ватани азизи моро ба сатҳи сифатан нави рушд хоҳанд расонид.

Дар ин робита марҳилаҳои минбаъдаи се ҳадафи стратегии миллӣ - гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани кишвар ва масъалаи таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тазаккур дода шуд.

Инчунин зикр гардид, ки як қатор масъалаҳои дигари дар Паём дарҷгардида, аз қабили беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ масъалаҳои ба шумор мераванд, ки пайгирӣ ва амалисозии онҳо ба таъмини суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар нишасти мазкур кормандон мулоҳизаҳои худро оид ба муҳимтарин нуқтаҳои марбут ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, мунтазам зиёд шудани ҷойҳои корӣ ва саҳми бахши хусусӣ дар он, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, афзудани эътимоди сармоягузорону соҳибкорон ба ислоҳоти дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат амалишаванда, рушди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун механизми баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо баён доштанд.

Дар хотима қайд карда шуд, ки фароҳам овардани шароити татбиқи масъалаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути идомаи ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти сохторҳои марбута ҷиҳати иҷрои нақшаву тадбирҳои дар ин самт муайяншуда, ҷалби фаъоли бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд имконпазир буда, вусъат бахшидани корҳо аз ҷониби кормандони Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

29.01.2016 Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ»

Имрӯз, дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, Лочин Файзуллозода зикр кард, ки таъсис додан ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалии шуроҳои навтаъсис ва таъсисшаванда оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба шумор меравад. Тавре қайд карда шуд, мақомоти масъул ва соҳибкорон талошварзиҳои худро дар самти бартараф кардани ҳар як монеа дар фаъолияти соҳибкорӣ, таъсис додани ҳар як ҷойи корӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ метавонанд ҳамчун дастоварди муҳим дар амалӣ намудани сиёсати иқтисодии мамлакат арзёбӣ намоянд. Вобаста ба ин қайд шуд, ки тақвият бахшидани фаъолияти Шуроҳои машваратӣ, ҳамчун механизми асосии амалисозии майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ муҳим мебошад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ и.в Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ғулом Исакзай баромад карда, ёдовар шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳо барои дастгирии сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ корҳои муайянеро амалӣ намуда истодааст.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуғаффорзода дар мавзуи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” ва нақши Шуро дар таъсис ва таҳкими фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ муаррифнома манзур намуда қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои корҳои амалигардида дар доираи иҷрои қарори Протоколи ҷаласаи 14-уми Шӯро аз 17 ноябри соли 2014 ҷиҳати таъсиси шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо иборат мебошад.

Дар муаррифӣ оид ба таҷрибаи Шӯрои машваратӣ, ислоҳотҳои дар доираи Шӯро гузаронидашуда, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ ибрози назар карда шуд.

Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиёни он, аз ҷумла Раиси Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шорауф Шораҳматов, Мутахассиси калон оид ба рушди иқтисодии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид - Манучеҳр Раҳмонов, Роҳбари Ассосиатсияи соҳибкории хурду миёна - Матлуба Улҷабоева, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон - Зафар Ализода, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт - Зафар Ҳисориев, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Исфара - Ибодулло Фатоев ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ имрузҳо дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин робита, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Барномаи рушди СММ чорабиниҳои заруриро амалӣ намуд. Вобаста ба таъсиси шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик ва Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар идомаи ин раванд дар шаҳри Душанбе рузҳои 21- 24 декабри соли 2015 таҳти унвони “Таҳким бахшидани иқтидори кории кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони шуроҳои машваратӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ”омузиш баргузор гардид, ки дар он 24 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, водии Рашт фаро гирифта шуданд. Мақсади асосии омӯзиш аз баланд бардоштани таҷриба, донишу малакаи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони котибони Шурои машваратии минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар раванди Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими он нақши калидӣ доранд, иборат буд.

Дар хотимаи мизи мудаввар изҳори итминон карда шуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ташаббускориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

25.12.2015 Омӯзиш дар самти таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Тавре иттилоъ дода шуда буд, тибқи банди 8-и Протоколи ҷаласаи 14-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани Шўроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд.

Дар ин робита, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва дастгирии шарикони рушд чорабиниҳои заруриро ба нақша гирифта, мунтазам амалӣ менамояд.

Аз ҷумла дар ҳамкории Котиботи Шурои машваратӣ бо лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик ва Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар идомаи ин раванд дар шаҳри Душанбе рузҳои 21- 24 декабри соли ҷорӣ таҳти унвони “Таҳким бахшидани иқтидори кории кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони шуроҳои машваратӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ”омузиш шуруъ гардид. Мақсади асосии омўзиш аз баланд бардоштани таҷриба, донишу малакаи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони котибони Шурои машваратии минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар раванди Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими он нақши калидӣ доранд, иборат мебошад.

Дар ин омузиш 24 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, водии Рашт фаро гирифта шуда, онҳо донишу малакаи худро вобаста ба устувор намудани раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, паҳлуҳои назариявию амалии корҳои марбут ба Шуроҳои машваратӣ, таҷрибаи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ такмил мебахшанд. Дар раванди омӯзиш ба иштирокчиён масъалаҳои гузаронидани мониторинг, роҳу усулҳои таҳкими муколамаи бахши давлат ва хусусӣ, раванди афзалиятгузорӣ ва интихоби (филтратсияи) мавзуъҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои шӯро ва ислоҳоти минбаъда, омода намудан ва баргузории ҷаласаҳои шӯроҳо, марҳилаҳои таъсис ва рушди майдони муколама, доир намудани чорабиниҳо вобаста ба тавсеа ва таҳкими майдони муколама, ислоҳот ва татбики он, муайянкунии доираҳои фарогирии ислоҳот, гузаронидани шаклҳои муколама дар сатҳи гуногун омўзонида шуданд.

Ҳамзамон, оид ба самаранок роҳандозӣ намудани воситаҳои робитаҳои ҳамкорӣ дар доираи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, банақшагирии фаъолияти кори Шуроҳои машваратӣ, моҳияти мафҳумҳои зарурӣ дар фаъолияти кории Шуроҳо ва котибони он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар доираи омўзиш ба таваҷҷуҳи иштирокчиён инчунин муаррифномаҳои котибони Шуроҳои амалкунанда дар сатҳи вилоятӣ (Хатлон), минтақавӣ (водии Рашт) ва маҳаллӣ (шаҳри Исфара) пешниҳод гардид.

Санаи 24 декабр иштирокчиён ба дафтари кории Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ташриф оварда, бо тарзу услуби фаъолият, коргузории он ва масъслаҳои дигар, ки рузҳои омузиш аксаран тариқи назариявӣ маълумот гирифтанд, амалан аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Иштирокчиёни тренинг чунин таҷрибаомўзиро дар фаъолияти худ, тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он, боз ҳам бештар густариш додани ингуна робитаҳоро барои самаранокии кори Шуроҳои машваратӣ ва рушди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳи ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Интизор меравад, ки иштирокчиён пас аз бозгашт ба минтақа ва маҳаллахои маскуни худ ҷиҳати фаъол намудани кори шуроҳои машваратӣ дар минтақаҳо ва минбаъд таъсис додани онҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо сахми худро хоҳанд гузошт.

01.12.2015 Майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Таҳкими рушди институтсионалии платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал» санаи 25 ноябри соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти навбатӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусии ноҳия, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин созмони байналмилалии БР СММ иштирок намуданд.

Мақсади мулоқот аз баррасии масъала оид ба таъсис додани Шурои машваратии назди Раиси ноҳияи Айнӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои банди 8, Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), ки тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъсис додани шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, иборат буд. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тибқи банди мазкури протокол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро мебояд барои фаъолияти бомароми ин шуроҳо шароитҳои заруриро фароҳам оваранд.

Бо мақсади шиносоии иштирокчиёни мулоқот бо моҳияти сохтор ва кори Шуро, ҳуқуқу вазифаҳои он, тартиби баррасӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои самти фаъолият дар Шуро, саҳми Шуро, соҳибкорон, дар ислоҳотҳои дарназардошташуда дар ҷумҳурӣ муаррифнома таҳти унвони “Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ” манзур гардид.

Дар мулоқот инчунин оид ба аҳамияти майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкории васеъ бо соҳибкорон, ташвиқи ҳамаҷонибаи соҳибкорон барои иштирок дар баррасӣ ва пешниҳоди мавзуъҳои муҳими фаъолияти соҳибкорӣ ва ба он алоқаманд, зарурати омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои озоди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими ин раванд ибрози назар карда шуд.

Намояндагони бахши хусусӣ чунин сохтори муколамаро дар сатҳи минтақавию миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуданд, ки таъсиси Шуро барои мунтазам пайгирӣ намудани масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он дар ноҳия ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

30.11.2015 Ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

Санаи 27 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш шуда буд, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба монеаҳо ва мушкилоти рушди суғурта таҳлилҳои васеъ гузаронида, натиҷаи онро бо бастаи тавсияҳо ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро манзур намоянд.

Дар ин асос лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия гардида, пас аз баррасӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯро аз 30 майи соли 2014, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ №788 аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» идомаи мантиқии ин ислоҳот буда, тибқи бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабинии мазкур таҳия карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар лоиҳаи нави Қонун асосан пешниҳодоти бахши хусусӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бо мақсади муосиргардонии бозори сугурта ба инобат гирифта шудааст.

Итминон карда мешавад, ки қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» дар таҳрири нав ба рушди бозори миллии суғурта ва болоравии нақши ширкатҳои хусусии суғурта дар хизматрасониҳои ҳатмии суғуртавӣ мусоидат намояд.

24.11.2015 Раванди таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2014 татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ гардида, он то октябри соли 2017 идома хоҳад ёфт. Дар доираи он, амалӣ намудани Барномаи мулоқоти Шурои машваратӣ оид ба бехтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мавзуи «Таҳкими рушди институтсионалии платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал» дар назар дошта шудааст.

Ҷиҳати татбиқи масъалаҳои зикршуда дар ҳайати кории лоиҳа-намояндагони Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон аз 29 октябр то 19 ноябри соли 2015 дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик мулоқотҳо баргузор гардид.

Вобаста ба ин, дар доираи банди 8, Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), ки тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд, мақсади асосии мулоқотҳоро ташкил намуд.

Дар ин мулоқотҳо ҳайати кориро масъулони бахши Шуроҳои машваратии вилояту ноҳияҳо ҳамроҳӣ намуда, дар рафти кори он намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур, инчунин намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла БР СММ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, САҲА, иттиҳодияву ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар муаррифномаи мулоқотҳо таҳти унвони “Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ” паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Шуро, бахусус таваҷҷуҳи хосса ва иқдоми ташаббускоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошанд, ҳамчунин масъалаҳои ташкил ва раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ, фаъолияти Шуро ва Котиботи Шуро, тартиби баррасӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои самти фаъолият дар Шуро, саҳми Шуро, соҳибкорон, шарикони рушд дар ислоҳотҳои татбиқгардида дар ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дастовардҳои Шуро дар арсаи байналмилалӣ, моҳияти таъсис ва роҳандозии фаъолияти пурсамари Шуроҳои машваратӣ дар шаҳру ноҳияҳо манзур гардид.

Дар аксари мулоқотҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияҳоро роҳбарияти он, аз ҷумла Раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода М., муовини Раиси вилояти Суғд Ш. Яъқубӣ , муовинони Раисони шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Ҷиликул, Шаҳритуз, Восеъ ва Фархор намояндагӣ намуданд, ки ин ба раванди муколама бо бахши хусусӣ, пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби соҳибкорон мусоидат намуд.

Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Нуробод Дустзода Ҳасан Тағдир ва Раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода М. қабл аз баргузории мулоқот ҳайати кории лоиҳаро ба ҳузур пазируфта, оид ба аҳамияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкории васеъ бо соҳибкорон, лоиҳаҳои татбиқшуда, ташвиқи ҳамаҷонибаи соҳибкорон барои иштирок дар лоиҳаҳо ва мавҷудияти фазои озоди иштирок дар онҳо ибрози назар намуданд ва омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ҷиҳати таҳкими ин раванд изҳор намуданд.

Дар мулоқотҳои доиргардида намояндагони бахши хусусӣ чунин сохтори муколамаро дар сатҳи минтақавию миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, андешаҳои худро атрофи масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ баён намуданд.

Мулоқоти нахустин 29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар он баромадкунандагон ва намояндагони бахши хусусӣ ташвишовар будани ҳолатҳои бесабаб қатъ намудани интиқоли барқ ва таъсири он ба фаъолияти корхонаҳо, зарари риоя нашудани технологияи обёрикунии заминҳои кишт ба самаранокии ҳосил бинобар норасогии об, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон, мушкилот дар зиёд намудани коркарди меваву сабзавот қайд карда шуд.

2 ноябр дар шаҳри Панҷакент соҳибкорон оид ба зарурати беҳтар намудани фаъолияти Шурои машваратии шаҳр масъалаҳои марбут ба фаъолияти онҳо, бахусус бахши сайёҳӣ, масъалаҳо ва мушкилоти андоз мулоҳизарониҳо намуданд.

Чунин мулоқот дар шаҳри Исфара 4 ноябр баргузор гардид. Дар мулоқот дар баробари масъалаҳои рӯзнома атрофи масъалаҳои мушкил будани пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ ва талабот ба он, мушкилоти қабули саривақтии ҳисоботҳои оморӣ бинобар зиёд будани шумораи хоҷагиҳои ҳисоботдиҳанда, масъалаҳои коркарди меваву сабзавот, мушкилоти ҷалби мутахассисони дорои малакаи баланди хориҷӣ ба истеҳсолот вобаста ба зарурати истеҳсолӣ, монеаҳо дар сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёна мулоҳизаҳо баён гардиданд.

10 ноябр дар мулоқот, ки он дар бинои «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муовини Раиси вилояти Суғд Ш. Яъқубӣ оид ба татбиқи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар вилоят, ҷалби доираи васеи кормандони маъмурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла вакилони мардумӣ, олимон ба раванди муколама ва ҳалли масъалаҳо, саҳми шарикони рушд дар ин раванд, пайгирии раванди баррасии масъалаҳо, имконияти саҳмгузории соҳибкорон дар беҳтар намудани корҳо вобаста ба масъалаҳои системаҳои гармидиҳӣ, канализатсия, обёрикунонӣ, ибрози назар намуд.

Соҳибкорони вилоят таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро муҳим арзёбӣ намуда, оид ба зарурати қаблан ба муҳокимаи васеъ гузоштани баррасии қонунҳо, санаду ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ба инобат гирифтани фикру андешаҳои соҳибкорон ҳангоми таҳияи онҳо, омӯзиш ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкорон, нақшаҳои фаъолияти худ мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

12 ноябр дар мулоқот бо соҳибкорони водии Рашт, ки он дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод баргузор гардид, иштироккунандагон оид ба шароити куҳсор ва дур аз мавзеъҳои ҳамдигар қарор доштани деҳот дар водӣ ва вобаста ба он мушкил будани ҳисоботсупорӣ ва дарёфти матлаби зарурӣ, мушкилоти масъалаҳои андоз ва андозсупорӣ, коркарди ашёи хоми дар минтақа мавҷудбуда, аз қабили пӯсту пашм, меваҳо ва роҳандозии фурӯши он, зарурати таъсиси шуроҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷамоатҳои деҳот андешаҳо ва пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Санаи 13 ноябри соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар бинои Раёсати молияи МИҲД вилояти Хатлон бо намояндагони соҳибкорони вилоят мулоқот дир гардид. Тавре соҳибкорон қайд намуданд, яке аз масъалаҳои муҳим ин бидуни пешниҳоди тавозуни молиявӣ ва чандин маротиба таҷдид ёфтани хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ин робита батаъхиргузории қарзҳои пешини онҳо мебошанд. Қайд шуд, ки дар чунин ҳолат қарзгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан имконнопазир мегардад.

Дар мулоқот, ки рӯзи 16 ноябр дар ноҳияи Ҷиликул баргузор гардид, соҳибкорони ноҳия чунин майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ҳисобида, оид ба зарурати омӯзиши таҷрибаи Шуроҳои машварартӣ, дастгирии техникии Шуроҳо, бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус монеаҳои дорои хусусияти идоравӣ, таъмини дастрасӣ ба қарзгириҳо, мусоидати ҳамаҷониба ба соҳибкорон ҷиҳати васеъгардонии самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифода аз самтҳои ҳунарҳои мардумӣ дар самти коркарди пашм ва партовҳои он, нақшаҳои тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ мулоҳизарониҳо намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар ноҳияи Шаҳритуз чунин мулоқот дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

Тавре қайд гардид, қаблан таҷрибаи машварати соҳибкорон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия вуҷуд дошта, изҳори хоҳиш карда шуд, ки фаъолияти Шурои машваратӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шавад.

Дар доираи баррасии масъалаҳои марбут ба соҳибкорӣ аз ҷониби иштирокчиён пайгирӣ намудани масъалаҳои додани имтиёзҳо барои як қатор корҳои эҳсонкории монанди сохтани роҳҳо, иншотҳои иҷтимоиву ҷамъиятӣ, додани шаҳодатнома ва нишону рамзҳои соҳибкорӣ, аз байн бурдани монеаҳо ҳангоми интиқоли маҳсулоти минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ибрози назар карда шуд.

Дар мулоқот бо соҳибкорон дар ноҳияи Восеъ, ки 18 ноябр баргузор гардид, соҳибкорони ин ноҳия низ оид ба мушкил будани раванди ҳисоботсупорӣ ва сарфи зиёди вақти соҳибкорон барои ҳисоботсупорӣ, бахусус барои соҳибкорон аз минтақаҳои дурдаст, гарон будани андоз дар бахши кишоварзӣ ва иваз намудани тартиби андозситонӣ бо назардошти аз маҷмуи даромади умумӣ пас аз баҳисобгирии хароҷот ба роҳ мондани он андешаҳои худро баён намуданд.

Дар мулоқот бо соҳибкорон, ки 19 ноябр дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, Раиси ноҳия Гулмаҳмадзода М. оид ба таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, зарурати таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, таҳкими Шурои машваратии рушди соҳибкории ноҳия ва истифода аз таҷрибаи Шуроҳои машваратии амалкунанда, фаъол будани соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва ҳамкории васеъ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти ноҳия барои дастгирӣ аз иқдому ташаббускориҳои соҳибкорон ибрози назар намуд.

Пас аз баромадҳо ва манзур гардидани муаррифнома, соҳибкорони ноҳия аз баргузор гардидани чунин мулоқотҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин оид ба як қатор мушкилот, аз қабили дастрасӣ ба сертификат барои истифодаи замин, дастгирии иқдоми мақомоти ҷумҳуриявӣ аз ташаббуси соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо, аз ҷумла коркарди шир пеш аз ҳама барои муассисаҳои иҷтимоии ноҳия мулоҳизарониҳо намуданд.

Раиси ноҳия Гулмаҳмадзода М. қайд намуд, ки масъалаи рушди ноҳия дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, айни замон амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои барои ноҳия муҳим дар назар дошта шудааст.

Дар маҷмуъ соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо, ҷонибҳои асосии майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро ташкил медиҳанд, мулоқотҳои анҷомдодашуда дар раванди таҳкими ҳамкориҳои судманд ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ пурсамар арзёбӣ намуданд.

12.11.2015 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №589 аз 25 сентябри соли 2015 тасдиқ карда шуд

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №589 аз 25 сентябри соли 2015 тасдиқ карда шуд.

Боиси ёдоварист, ки Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Котиботи Шурои машваратӣ дар доираи фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати гузаронидани таҳлил ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар ҷумҳурӣ ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Бонки миллӣ таъсис ёфта буд, таҳия шудааст.

Гуруҳи кории мазкур фаъолияти пурсамар намуда, вазъи кунунӣ ва мушкилоти асосии рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, аз ҷумла ихтилофоти қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, андозбандии суди коғазҳои қиматнок, таъсиси феҳристи ягонаи электронии бақайдгирии коғазҳои қиматнок ва ғайраро мавриди омузиш ва таҳлил қарор дод.

Ҳисоботи гуруҳи корӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратӣ аз 17 ноябри соли 2015 пешниҳод гардиданд.
Тибқи супориши протоколии ҷаласаи мазкур ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти дар ҷаласа иброзшуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо такмил дода шуда, ба баррасии Ҳукумати кишвар манзур карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар нақшаи чорабиниҳои қайдгардида таклифу пешниҳодоти бахшҳои давлатию хусусӣ ва шарикони рушд пурра ба инобат гирифта шудаанд ва итминон карда мешавад, ки татбиқи босамари он ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ таъсири назаррас хоҳад расонд.

05.11.2015 Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Бо камоли эҳтиром ба диққати шаҳрвандон ва соҳибкорони ҷумҳурӣ мерасонем, ки дар ҷаласаи раёсати Ҳукумат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» қабул карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012 ва дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба зарурати таҳия ва қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар асоси меъёрҳои муосири байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо мақсади ҳимояи манфиатҳои бахши хусусӣ, пешгирии тафтишоти беасос ва сершумори мақомоти назоратӣ дастур дода буданд.

Ҳамзамон хулосаи расмии вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкории кишвар, шарикони рушд ва корхонаҳои ватанӣ вобаста ба лоиҳаи қонуни мазкур гирифта шуда, онҳо бо назардошти таклифҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Прокуратураи генералӣ такмил дода шуданд.

Афзалиятҳои асосии қонуни мазкур ба ҳисоб мераванд:

1) дар асоси хавфҳо ба роҳ мондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

2) таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ – Шӯро бо мақсади кам кардани такроршавии санҷишҳо, нақшаҳои санҷишии 31 мақомоти санҷиширо ҳамоҳанг месозад. Дар як вақт, риояи қоидаҳои гузаронидани санҷишҳо, ки дар асоси сархати чоруми моддаи 5 лоиҳаи Қонун қоидаҳои намунавии он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, таъмин менамояд.

Аз нуқтаи назари доираи соҳибкорон Шӯро ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, пеши роҳи санҷишҳои беасос ва такрориро гирифта, шаффофияти гузаронидани санҷишҳоро таъмин ва сабабгори фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ мегардад.


По:
Рӯӣдодҳо 211 - 220 из 405
Страницы:
Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ

Манбаъҳои муфид